Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

27.10.2021 10:04, шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар  27.10.2021

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави дуошёна бо тарҳи муосир сохта шуда, дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои ёрирасони табобати дандон ҷойгир карда шудааст, ки барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шуд.

Дар асоси лоиҳа Маркази стоматологии вилояти Хатлон аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муолиҷавӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Масоҳати умумии бинои навбунёд 960 метри мураббаро ташкил медиҳад.

Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва бо сифат сохтани дандон 15 таҷҳизоти нав харидорӣ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва васлу насб гардидааст, ки аз ин пас барои ташхису табобати саҳеҳ ва саривақтии беморон истифода мешаванд.

Фармоишгари бино Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд карда шудааст. 

Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, барои табибон имконоти созгори фаъолият ташкил гардид. Табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шумораи нафароне, ки аз бемориҳои дандон шикоят мекунанд, афзоиш ёфтааст ва бунёди маркази наву замонавӣ саривақтӣ мебошад.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази стоматологӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар 50 нафар табиб, ба хусус кадрҳои ҷавон бештар аз ҳисоби занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520