Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Левакант ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15

27.10.2021 15:00, шаҳри Левакант
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Левакант ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15   27.10.2021

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Левакант бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот се ошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии дӯхтарон, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Дар атрофи бинои навбунёд гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, саҳни муассиса пурра сафолакпуш ва ҳамзамон чароғон гардидааст.

Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар замин бунёд карда шуда, имкон медиҳад, ки  дар ду баст 640 нафар хонанда дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифта шавад.

Дар иншооти навбунёд 50 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошанд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520