Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

28.10.2021 08:55, ноҳияи Дӯстӣ
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ  28.10.2021

28 октябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеҳои мувофиқ барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст.

Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он кабудизор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.

Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар  майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, 1 фаввораи  зебо бунёд гардидааст.

Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520