Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

28.10.2021 15:20, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  28.10.2021

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни бузурги 30 - солагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон идома дода истодаанд.

Таъкид шуд, ки дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ то ба имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншооту биноҳо, яъне 513 иншоот аз нақша зиёд ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида шудаанд. Нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин гардид. Бояд гуфт, ки аксари кулли ин иншоот бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, махсусан, ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки барои ободу пешрафта гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят софдилона заҳмат кашида истодаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди вилоят корҳои созандагиро минбаъд низ идома медиҳанд ва ба хотири муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии ҳамдиёрони худ саъю талоши бештар мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тақвият бахшида, сифати корҳо дар иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳоро назорат намоянд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳоро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоя, махсусан, сармояи мустақим тақвият бахшанд.

Зимни таҳлили соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати вилоят мунтазам тараққӣ карда, ҳоло шумораи корхонаҳои соҳа ба 631 расонида шудааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Имкониятҳои вилояти Хатлон дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар низ ниҳоят васеъ мебошанд.

Аз ин ру Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади истифодаи ҳарчи бештар аз имконияту захираҳои вилоят корҳо дар самти зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили фермаҳои чорводориву корхонаҳои парандапарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа ва афзоиш додани содироти маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба роҳу нақлиёт ҳоло дар қаламрави вилоят 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо солҳои наздиктарин 219 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 25 пул бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳарчи пурраву самаранок истифода кардани имкониятҳои фароҳамгардида роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута барои ташкили марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, анборҳои нигоҳдориву сардхонаҳо ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари иқтидори бузурги гидроэнергетикии вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 - киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд карда шудаанд. Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии қариб 9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои далхдор корҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он вусъат бахшанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳарчи зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи кофии хӯроки чорво, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520