Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

28.10.2021 16:20, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  28.10.2021

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.

Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.

Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, дар давоми  як сол пурра ва бо сифати баланд сохта шуд.

Бинои нави мактаб асосан барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ   гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттиллоотӣ, математика, забони русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.

Ин иқдоми созандаро соҳибкори ватандӯст Сайидмуҳриддин Сайфов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Барои амали нек - бунёди чунин як мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.

Корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо тарҳи зебову муосир анҷом додаанд.

Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи  босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи иншооти низ бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст.

Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ сохта шудааст.

Китобхонаи мактаб низ барҳаво сохта шуда, фонди умумии китобҳо  13 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 10 ҳазору 500 ададаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда асарҳоро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520