Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист

29.10.2021 09:30, ноҳияи Хуросон
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист  29.10.2021

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири кору фаъолияти кормандон дар он шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дилафрӯз” - и шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он шароити муосири кору фаъолият барои кормандон муҳайё гардидааст.

Иншооти навбунёд аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамари минбаъдаи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист имконияти зарурӣ мавҷуд мебошад.

Дар ноҳияи Хуросон давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бунёду ба истифода додани иншооти муосири хизматрасонию маишӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ ба сокинон биноҳои маъмурӣ ҳам бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба ҳусни кӯчаву маҳаллаҳо зебоии хоса зам мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520