Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон

29.10.2021 09:33, ноҳияи Хуросон
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон  29.10.2021

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.      

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарзин-7” бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Масоҳати умумии замини иншоот 1493 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иншооти нави соҳаи маориф дар ноҳияи Хуросон 4 ошёна буда, аз 33 ҳуҷраи корӣ, толори васеи технологии пайваст бо шабакаи интернет, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ бо 75 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар ошёнаҳои 3-юм ва 4-юми бино ҳамчунин Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷойгир карда шудаанд. 

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Китобхонаи шуъбаи маориф дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, дорои наздики 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад, ки аз он баробари кормандон дигар дӯстодорони каломи бадеъ низ метавонанд ба таври васеъ истифода кунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520