Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод ноҳияи Хуросон

29.10.2021 13:10, ноҳияи Хуросон
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод ноҳияи Хуросон  29.10.2021

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, бахшида ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шоира Зулқайнарова устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс Ҷоизадори Чемпионати Осиё 2015-2021, Чемпиони Осиё дар байни донишҷӯён 2016, Ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон дар байни донишҷӯён 2014, Ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон 2015, 2016, 2018-2019 дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015, 2021 ва Чемпиони 8-карати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.

Ҷавонони сарфарози ноҳияи Хуросон бо сипосгузорӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба насли ояндасоз илму ҳунар омӯхта, номбардорони ватану миллат хоҳанд шуд. Майдончаи варзишӣ болопушида буда, дар чор фасли сол дар он баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконпазир аст.

Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд.

Комёбиҳои варзишгари баруманди ноҳияи Хуросон Шоира Зулқайнарова аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиклолии мамлакат мебошад.

Ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар кардааст. Ба ҷавонони варзишгари тоҷик аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба варзиш оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520