Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар Туркманистон

27.11.2021 20:40, Туркманистон
Оғози сафари корӣ дар Туркманистон   27.11.2021

27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲӢ) вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов самимона пазироӣ карданд.

Сарвари кишвари мизбон баъди истиқболи гарм Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Дар маросими истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520