Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

28.11.2021 12:10, Туркманистон
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ  28.11.2021

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзуъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо итминон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард аз имкониятҳои дигари робитаҳои судовар номида шуд.

Нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.  

Дар мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520