Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон

09.06.2009 11:00, ноҳияи Хуросон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Хуросон, расондани кӯмакҳо ба аҳолии зарардида ва ҳамчунин баҳри ошноии наздик пайдо намудан бо вазъи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон субҳи барвақт аз маҳаллаи Уялии ноҳияи Хуросон, ки сокинонаш аз боронҳои пайдарпай ва омадани селобу лойқа беш аз ҳамаи минтақаҳои дигари кишвар зарари моддӣ дидаанд, оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бартарафсозии оқибатҳои боронҳои сел дар ин мавзеъ шинос шуда, бо аҳолии зарардида аз наздик сӯҳбат намуд.

Чунонки маълум шуд, қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакпулиҳои Ҳукумати мамлакат саривақт ба мардум дастрас мегарданд. Кӯмакҳои дигар аз ҳисоби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои зиёди мамлакат ва кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ расонда мешаванд.

Барои сохтмони хонаҳои нав ба онҳое, ки манзилҳояшон пурра ё қисман зарар дида ғайри қобили барқарорсозӣ шудаанд, дар ҷойҳои бехавф қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Оилаҳои аз хонаҳои худ маҳрумшуда бо ҷойҳои муваққатии зист, масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва қувваи ёридиҳандаи корӣ таъмин гаштаанд. Танҳо аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ба онҳо 1800 тонна семент ҷудо гардидааст. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 70 хонаи истиқоматӣ ва вилояти Суғд 12, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 49 хона сохта, тӯҳфа мекунанд. Оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонии ройгон ва дигар кӯмакҳо таъмин карда мешаванд.

Чунонки ба мушоҳида расид, сохтмони хонаҳои нав ба тариқи ҳашар бо суръати баланд идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Сарвари давлат қисмати зиёди кӯдакони оилаҳои зарардида дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷойгир шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ баҳри тезондани корҳои сохтмонӣ, муҳайё намудани шароити зарурӣ дар маҳалҳои зисти муваққатӣ, таъмини сокинон бо хизматрасонии тиббӣ, оби нӯшокӣ ва ҳамчунин баҳри сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави истиқоматӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки тамоми оилаҳои бехонамонда то моҳи октябри соли равон бояд ба хонаҳои нави худ ворид шаванд.

Мутобиқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 132 оила пурра бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ба таври ройгон, 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ ва 58 оилаи дигар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар кӯмакҳо таъмин карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ кӯмакҳои зарурӣ ба 500 оила расонида мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқ низ зудтар оғоз карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520