Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Қурғонтеппа

09.06.2009 17:00, шаҳри Бохтар

Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қурғонтеппа дар маросими ба истифода супурдани як корхонаи собунпазӣ иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Аловуддин Салоҳиддинов ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Русия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона 4000 тонна собун дар як сол аст. Дар корхона дар 3 баст 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.
Дар ноҳияи Бохтар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Муслим, Қосим ва Азиз аз наздик шинос шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Муслим», ки роҳбараш Нурулло Ҳукумов аст, дар масоҳати 29,5 гектар замин боғутокпарварӣ ва кишти сабзавоту полезӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла боғ-3,14 гектар, гармхона- 0,96 гектар (13 адад), токзор - 10,2 гектар , гандум - 9 гектар, полезӣ -2,9 гектар, картошка- 4 гектар.

Дар хоҷагӣ то 1 июни соли равон 10 тонна бодиринг, 13 тонна помидор ва 16 тонна гулкарам истеҳсол шудааст.

Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қосим», ки роҳбараш Абдулқосим Қосимов аст, дар 68 садяк замин токзори намунавӣ ва дар 20 садяки дигар гандум ва полезӣ кишт намудаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Азиз» - роҳбараш Асадулло Сатторов аст, дар масоҳати 2,3 гектар токзор, 0,6 гектар полезиҳо ва дар байни токзор каду, картошка ва дигар зироатҳо кишт намудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520