Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон

10.06.2009 15:00

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат ва роҳбарони
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон!
Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки ҳамаи шумо медонед, имрӯз мо дар марҳалае қарор дорем, ки саросари ҷаҳонро бӯҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифта, ин раванд ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо низ беш аз пеш таъсири манфӣ расонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки ба мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, Нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015, инчунин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз аз вазъи корҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Бохтар, Ҷалолуддини Румӣ, Сарбанд ва Қӯрғонтеппа боздид карда, вазъияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, ки дар пешгирӣ ва ҳарчи камтар кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мусоидат хоҳад кард ва бартарафсозии оқибати офатҳои табииро мавриди омӯзиш қарор диҳем.

Дар ин маврид пеш аз ҳама бояд гуфт, ки бо мақсади суръатбахшӣ ба рушди бонизоми иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии вилоят Ҳукумати мамлакат чор сол пеш Барномаи рушди иҷтимоию и?тисодии вилояти Хатлонро барои сол?ои 2005-2015 қабул карда буд.

Дар асоси он дар давраи то соли 2015-ум сол ба сол бештар гардонидани имконият?ои исте?солии вилоят, таъсиси корхонаҳои нав ва дар ин замина муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки ба афзудани маҷмӯи ма?сулоти дохилӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, пешбинӣ гардидаанд.

Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, раванди татбиқи барномаи мазкур ва истифодаи имконияту захираҳои вилоят дар самтҳои зикршуда ҳанӯз чандон қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷараёни татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлонро барои давраи то соли 2015 дар маҳалҳо ҳамаҷониба таҳлил карда, аз натиҷааш дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намояд.

Ҳамзамон бо ин, бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи дуруст истифода нагардидани имконияту захираҳои мавҷуда дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилоят нақшаи 10 намуди андоз иҷро нашудааст ва ба ҳамин сабаб ба буҷет 7 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.
Иҷрои буҷети маҳаллӣ дар 12 ноҳия (Бохтар, Хуросон, Ҷалолуддини Румӣ, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ, Шаҳритус, Ёвон, Носири Хусрав, Восеъ, Ҷомӣ ва Ҷиликӯл) таъмин нашудааст.

Дар ин муддат бо мақсади дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 42 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, вале дар баробари ин, бақияпулиҳо аз андоз ба ҷои кам шудан, баръакс сол ба сол афзуда истодаанд.

Ҳаҷми умумии онҳо то 1-уми майи соли ҷорӣ ба 145 миллион сомонӣ расида, дар давоми панҷ моҳи гузашта 17 миллион сомонӣ афзудааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сохторҳои маҳаллии мақомоти андоз ва гумрук зарур аст, ки доир ба иҷрои буҷет ва кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор намудам, ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маош дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пурра таъмин карда мешаванд.

Вале иҷрои ин вазифа низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин нашуда истодааст. Нақшаи даромади Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят то моҳи июн 86 фоиз иҷро шуда, ҳаҷми маблағи қарз аз нафақа ба 11 миллион сомонӣ расидааст, ки ин масъала ҳаллу фасли таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Дар субъектҳои хоҷагидории вилоят пардохти саривақтии музди меҳнат низ ташвишовар мебошад. Маблағи умумии қарз аз пардохти музди меҳнат, бо дарназардошти қарзи солҳои гузашта, то 1-уми майи соли 2009 ба 13 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ маблағи он ба андозаи беш аз 6 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Қарзи аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Бохтар, Ҳамадонӣ ва Ҷалолуддини Румӣ ба миён омадааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар самти пардохти нафақаву музди меҳнат ва кӯмакпулиҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Бояд зикр кард, ки дар вилоят бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ имкониятҳои зиёди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мавҷуданд. Дар моҳҳои январ – майи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи умумии 519 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Бо вуҷуди нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли баъзе намудҳои он (аз ҷумла нахи пахта, калоба ва газ) кам шудааст. Ҳол он ки корхонаҳои саноатии вилоят имкон доранд, ки дар як сол то як миллион тонна пахтаро коркард намоянд.

Истеҳсоли нерӯи барқ соли гузашта дар вилоят нисбат ба соли 2007-ум 6 фоиз ва дар муқоиса бо дурнамои соли 2008-ум беш аз 4 фоиз кам шудааст.
Дар Барномаи рушди соҳаи энергетикаи вилоят татбиқи 33 лоиҳаи инвеститсионӣ дар назар дошта шудааст, ки маблағи умумии онҳо қариб чоруним миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи онҳо ҳоло дар ҳудуди вилоят сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда–1 ва Сангтӯда–2, бартарафсозии оқибатҳои фурӯравии соҳил дар нерӯгоҳи Бойғозӣ, сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВт аз Сангтӯда то сарҳади Афғонистон ва корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳи Норак ба маблағи умумии 8,8 миллиард сомонӣ ё зиёда аз ду миллиард доллари амрикоӣ идома доранд.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зарур аст, ки дар бораи мусоидат ба ҷараёни бунёди нерӯгоҳҳои хурд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, инчунин дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин гардидани тадбирҳои барномаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

Дар робита ба сарфаи нерӯи барқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он таъкид месозам, ки то моҳи октябри соли ҷорӣ иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия»-ро таъмин намуда, дар масъалаи ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ гузаштани субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ, хусусан дастгирии оилаҳои камбизоат, дар давраи тирамоҳу зимистон беҳтар намудани таъминоти мардум бо гази моеъ ва ангишт аз ҳоло тадбирҳои муассир андешанд.

Дар доираи барномаи рушди соҳаи энергетикаи вилоят бояд истеҳсоли ангишт дар кони «Шӯробод» то соли 2010-ум ба 5 ҳазор тонна расонида шавад.

Дар вилоят ҳоло чор шаҳру ноҳия – Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Кӯлоб ва Ҷалолуддини Румӣ бо гази истеҳсоли худӣ таъмин карда шудаанд ва барои таъминоти корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар бо гази истеҳсоли худӣ имкониятҳо мавҷуданд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зарур аст, ки дар ин масъала, инчунин доир ба кашфи конҳои нав ва истихроҷи газ якҷо бо Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Саридораи геология ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015 самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзӣ муайян карда шудаанд.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нишондиҳандаи дурнамои соли 2010-уми барнома дуюним маротиба зиёд гардид.
Бо вуҷуди дар қаламрави вилоят зиёд шудани истеҳсоли ғалладона, баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла Ховалинг, Шӯрообод ва Мӯъминобод иҷрои нақшаи барномаро таъмин карда натавонистанд.

Дар моҳҳои январ – майи соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 384 миллион сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 8,4 фоиз зиёд мебошад.

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзии мамлакат ва вилоят ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои охир он ба мушкилоти зиёд дучор гардида, нишондиҳандаҳои дурнамо оид ба истеҳсоли пахта чандин сол инҷониб иҷро нашуда истодаанд.

Хоҷагиҳои пахтакори вилоят соли гузашта истеҳсоли пахтаро нисбат ба соли 2007-ум 7 фоиз кам намуданд. Аз 18 шаҳру ноҳия танҳо 8 ноҳия дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин карданду халос. Сабаби асосии кам шудани истеҳсоли пахта сари вақт таъмин нагардидани хоҷагиҳои пахтакори вилоят бо маблағҳои зарурӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва техника мебошад.

Истеҳсоли сабзавот дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 12 ва 86 фоиз зиёд шудааст.

То аввали моҳи июн дар қаламрави вилоят бо дарназардошти кишти тирамоҳӣ дар майдони 278 ҳазор гектар сабзавоту зироат кишт гардидааст, ки ин 88 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз кам мебошад.

Дар робита ба ин, мехоҳам зикр намоям, ки дар замони шӯравӣ кишоварзони вилоят содиркунандагони асосии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон буданд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зарур аст, ки дар хусуси барқарор кардани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзии вилоят тадбирҳои муассир андешанд.

Дар қаламрави вилоят барои рушди боғу токпарварӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Бо вуҷуди ин, ки нишондиҳандаҳои барномавӣ дар бораи бунёди боғу токзорҳои нав ва барқароркунии онҳо мутаносибан 4 ва 6 маротиба афзудааст, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки нақшаи бунёди боғу токзорҳоро дар вилоят аз нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон хеле бузург буда, он дорои беш аз 48 фоизи майдони умумии заминҳои корам, аз ҷумла 49 фоизи заминҳои обии мамлакат мебошад.

Ғайр аз ин, иқлими вилоят пурра имконият медиҳад, ки аз як замин соле ду ва ҳатто се ҳосил рӯёнида шавад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ бояд кишоварзони вилоят дар хусуси зиёд кардани майдони кишти зироатҳои барвақтӣ, сабзавоту картошка ва маҳсулоти полезӣ, ки ба афзун гардидани иқтидори содиротии вилоят мусоидат менамояд, инчунин истифодаи имкониятҳои кишти такрорӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин дар бораи баланд бардоштани сифати тухмӣ, ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла аз ҳар гектар рӯёнидани 25-30 сентнер пахта ва аз ҳар гектар заминҳои корами обӣ ҳадди ақал гирифтани 50 сентнер ғалладона аз як кишт чораҷӯӣ намоянд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми вилоят муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки замин ва зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки ин нисбат ба имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз хеле кам аст.

Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр», «Роҳи оҳани Тоҷикистон», хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сармоягузорон доир ба зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.

Аз рӯи маълумоти Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ҳоло дар вилоят, бахусус дар ноҳияҳои пахтакор масоҳати зиёди заминҳо ҳанӯз кишт нашуда мондааст. Дар баробари ин, зиёда аз 23 ҳазор гектар замин корношоям гардидааст. Илова бар ин, ҳолати мелиоративии 21 ҳазор гектар замини вилоят бад шудааст.

Дар маҷмӯъ беш аз 44 ҳазор гектар замини вилоят мавриди киштукор қарор надорад. Соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 1400 гектар замин беҳтар карда шудааст, ки ин ҳанӯз нокифоя мебошад.

Қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои хоҷагии об торафт меафзояд. То аввали моҳи июн маблағи умумии он ба 68 миллион сомонӣ расидааст.

Бинобар ин, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, кам кардани ҳаҷми қарз барои истифодаи об ва истифодаи сарфакоронаи он чораҳои муассир андешанд.

Яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқавории мамлакат васеъ ҷорӣ кардани кишти такрорӣ мебошад. Таҷрибаи соли гузашта дар хоҷагиҳои вилоят ва умуман дар миқёси кишвар нишон дод, ки сари вақт ва босифат гузаронидани кишти такрорӣ барои бо маҳсулоти худӣ беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ намудани болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидати фаъол менамояд.

Соли гузашта дар вилоят дар масоҳати 70 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ кишоварзони вилоят бояд дар майдони беш аз 100 ҳазор гектар кишти такрориро анҷом диҳанд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи ҳарчӣ зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонаи заминҳои корами обӣ, дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои маъданӣ ва техника чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар ва бо тухмии аълосифати пахта ва дигар зироатҳо таъмин кардани кишоварзон диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳамзамон бо ин, доир ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ, ки боиси зарар дидани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла вайрон шудани заҳбуру заҳкашҳо, иншооти гидротехникӣ, талафоти чорво ва майдони кишти зироатҳо, махсусан ғалладона гардидаанд, инчунин маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, ки бинобар барнагардонидани қарзҳои бонкии дар соли 2008-ум додашуда чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин мувофиқати майдонҳои воқеии кишти зироатҳои кишоварзии тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо ҳисоботи оморӣ таъмин созанд.

Вобаста ба ин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода мешавад, ки дар давоми ду сол ҳамаи таҷҳизоти зидди жоларо таъмиру такмил намояд.

Масъалаи дигаре, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад, рушди соҳаи чорводориву парандапарварӣ мебошад. Дар вилоят барои тараққӣ додани ин соҳаҳо шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуданд.

Дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ тадриҷан афзуда истодааст. Дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумор ва маҳсулоти чорвою паранда афзуд.

Дар 5 моҳи соли равон дар вилоят истеҳсоли гӯшт нисбат ба соли гузашта 8 фоиз, шир – 7 ва тухм - 9 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 6 фоиз, чорвои хурд - 10, паранда - 7 ва шумораи оилаи занбӯри асал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз афзудааст, вале ҳамаи ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Зеро иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи чорводории вилоят, ки дар заминаи собиқ фермаҳои шириву молӣ мавҷуд буданд, ҳанӯз барқарор карда нашудаанд.

Аз ҷумла, дар соли 1991-ум дар корхонаҳои кишоварзии вилоят қариб 600 ҳазор сар чорвои калон парвариш ёфта, соле то 48 ҳазор тонна гӯшт, 200 ҳазор тонна шир ва 14 миллион дона тухм истеҳсол карда мешуд.

Вале ҳоло дар зиёда аз 250 корхонаи кишоварзии вилоят 230 ҳазор сар чорво мавҷуд буда, дар як сол 27 ҳазор тонна гӯшт, 113 ҳазор тонна шир ва 8 миллион дона тухм истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба соли 1991-ум хеле кам мебошад.

Фабрикаҳои парандапарварие, ки пеш дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷомӣ, Шаҳритус, Кӯлоб ва Мӯъминобод фаъолият доштанд, ҳар кадом аз 40 то 60 ҳазор сар мурғро парвариш карда, соле аз 5 то 8 миллион дона тухм истеҳсол мекарданд, инчунин эҳтиёҷоти аҳолиро ба гӯшти парҳезӣ таъмин менамуданд. Вале имрӯз аз 8 фабрикаи парандапарварии вилоят танҳо як фабрика дар шаҳри Сарбанд фаъолият карда истодааст.

Дигар корхонаҳои парандапарварии вилоят аз 4 то 12 фоизи иқтидори истеҳсолии худро мавриди истифода қарор додаанду халос.

Корхонаҳои парандапарварии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷомӣ пурра аз фаъолият бозмондаанд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар заминаи рушди соҳибкорӣ доир ба афзун гардонидани саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти чорвою паранда, инчунин ба соли 1991 баробар кардани нишониҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои кишоварзии вилоят, сарфи назар аз шакли моликияташон то 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, яъне то соли 2011 барқарор кардани фаъолияти ҳамаи фермаҳои ширию молӣ, комбинатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва корхонаҳои парандапарварӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда ва ҷиҳати рушди босуботи соҳаи кишоварзии вилоят ҳамчунин зарур аст, ки тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини корами обӣ якҷо бо Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ бори дигар тамоми заминҳои холимондаи обӣ ва лалмии хоҷагиҳои вилоятро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин муайян намуда, ҷиҳати дар онҳо кишт намудани зироатҳои кишоварзӣ чораҳои судманд андешанд.

2. Вазорати кишоварзӣ якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси тавсияи олимону мутахассисон масъалаи дар рӯзҳои боқимонда гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзиро ба таври таъҷилӣ таъмин намоянд.

3. Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати дар моҳҳои июн - августи соли равон ва бо дарназардошти иқлими ҳар минтақа барои кишти такрорӣ бо тухмии хушсифати зироатҳо таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;

- барои дар соли ҷорӣ ба андозаи ду нақшаи солона захира намудани хӯроки чорво чораҷӯӣ намуда, аз натиҷааш дар моҳҳои август ва ноябри соли равон ба Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур созанд.

- дар бораи ташкили марказҳои лизинги техникаи кишоварзӣ, тезонидани суръати ҷамъоварии ғалладона ва ба 100 ҳазор гектар расонидани майдонҳои кишти такрорӣ чораҷӯӣ намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор дар хусуси то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия ташкил кардани 1000 гектар боғҳои нави зардолу, анор, себу ангур ва пурра барқарор кардани боғҳои мавҷуда ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2006-2010 соҳаи сохтмони вилоят аз ҳисоби давлат дар ҳаҷми 1 миллиарду 255 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Соли гузашта дар қаламрави вилоят бо дарназардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи зиёда аз 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки нисбат ба соли 2007-ум 246 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи он барои 8800 хонанда мактабҳо, шифохонаҳо бо 126 кати беморӣ, дармонгоҳҳо барои дар як баст қабул кардани 350 бемор ва ба андозаи зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ манзили зист сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар моҳҳои январ - майи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 288 миллион сомонӣ масраф гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар давраи то соли 2015-ум дар вилоят татбиқи беш аз 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар назар дошта шудааст. Танҳо барои рушди соҳаи саноат татбиқи 26 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси татбиқи онҳо таҷҳизонидани корхонаҳои «Тоҷиказот», «Дарвоз», «Заводи хишти Сарбанд», ташкили сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар ноҳияи Ёвон, корхонаҳои консервбарорӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод сурат мегиранд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ҳоло дар самти рушди инфраструктураи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии об ва ирригатсия, хизматрасонии коммуналӣ, инчунин соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи вилоят 22 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи онҳо то имрӯз қариб 800 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ислоҳот ва азнавсозии инфраструктураи деҳотро бо ҷалби сармоягузорӣ идома хоҳад дод.

Дар доираи он бунёду азнавсозӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ анҷом дода мешаванд.

Дар баробари ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки корҳои созандагиву бунёдкориро беш аз пеш вусъат дода, доир ба ободонии деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, бахусус таъмир ва азнавсозии кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна дар ин муддат дар қаламрави вилоят ба андозаи беш аз 100 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сеюним фоиз зиёд мебошад, вале ин ҳанӯз нокифоя аст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба соҳибкорони бонангу номуси вилоят ва ҳамаи ба онҳое, ки халқу Ватани худро азиз медонанд, таъкид намоям, ки дар раванди созандагиву бунёдкориҳо фаъолона иштирок карда, бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дар содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ворид кардани технологияҳои муосир, ташкил кардани корхонаҳои истеҳсолӣ, таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кор ва ободонии деҳот саҳмгузор гарданд.

Дар робита ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, яъне боришоти зиёди борон, фаромадани ярч, ки дар маҷмӯъ 229 хонаи истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросонро хароб ва 341 оиларо пурра аз сарпаноҳ маҳрум сохт, Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои таъхирнопазирро андешида истодааст.

Субҳи дирӯз мо бо мардуми аз ин офатҳо зарардида вохӯрда, бо вазъи корҳои барқарорсозӣ аз наздик шинос шудем.

Барои таъмин намудани оилаҳои зарардида бо хонаҳои истиқоматӣ Ҳукумати мамлакат зиёда 61 гектар замин ҷудо намуд ва ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои алоҳида ҷиҳати то 6 ноябри соли ҷорӣ, яъне то ҷашни 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон сохта, пурра ба истифода додани хонаҳои нав ва бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин кардани онҳо супоришҳои зарурӣ дода шудаанд.

Ҳоло бо истифода аз фурсат бори дигар ба ҳамаи роҳбарон ва шахсони мутасаддӣ таъкид месозам, ки иҷрои пурраи дастуру супоришҳои додашударо сари вақт таъмин намоянд ва барои ҳалли мушкилоти аҳолии зарардида чораҳои бетаъхир андешанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Борҳо таъкид кардаем, ки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт аз суботи устувори ҷомеа, пеш аз ҳама, аз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ вобаста мебошад.

Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷинояткорӣ 9,3 фоиз афзудааст.

Хусусан сатҳи содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва ҷинояткории ноболиғон, ки мутаносибан 15 ва 70 фоиз зиёд гардидааст, ташвишовар мебошад. Вазъи мубориза бар зидди нашъаҷаллобиву нашъмандӣ низ хавотиркунанда аст.

Солҳои охир дар ноҳияҳои сарҳадии вилоят гурӯҳҳои ҷиноятпешае ташаккул ёфтаанд, ки бо шаҳрвандони кишвари ҳамсоя доир ба қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ доранд.

Дар робита ба ин, дар ноҳияҳои Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ нашъаҷаллобиву нашъамандӣ афзудааст.

Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии воқеъ дар ҳудуди вилоят беш аз 141 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат 12 нафар сокинони вилоят барои нашъаҷаллобӣ дар кишварҳои хориҷӣ боздошт шудаанд.

Шумораи нашъамандон низ дар вилоят торафт меафзояд. Ҳоло беш аз 1200 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 670 нафарашон ҷавонони синни аз 18 то 29-сола мебошанд. Сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, исрофкорӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва ришваситонӣ ташвишовар мебошанд.

Дар тӯли панҷ моҳи соли 2009 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зиёда аз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ хароҷоти ғайриқонунӣ, талафоту тасарруфи воситаҳои молию пулӣ, камомад ва рӯйпӯш намудани андозҳоро ошкор кардааст.

Аз ҷумла, дар Раёсати шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят азхуд намудани зиёда аз 626 ҳазор сомонӣ маблағи кӯмакпулиҳои барои бекорон пешбинишуда ошкор карда шудааст.

Дар масъалаи истифодаи замин низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қонунвайронкуниҳои зиёд, аз ҷумла худсарона забт кардани заминҳои корам, сохтмони ғайриқонунии хонаҳои истиқоматӣ, ғайриқонунӣ аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани замин, қабули қарорҳои беасос аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот вобаста ба тақсимоти замин ва хариду фурӯши қитъаҳои замин ба назар мерасанд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти прокуратура, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки риояи қонуниятро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуда, муборизаро бар зидди қонуншиканиву ҷинояткориҳо пурзӯр намоянд.

Мо рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, сатҳ ва сифати зарурии зиндагии мардум, инчунин амнияти ҳамаҷонибаи давлат ва халқи худро дар сурате таъмин карда метавонем, ки волоияти қонун ва манфиатҳои давлатро аз ҳама боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии пешбиникардаамон ва раванди корҳои созандагиву бунёдкории Ватанамон беш аз пеш саҳмгузор бошем.

Дар ин бобат бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, фармону амрҳо, дастуру супоришоти Президенти мамлакат ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин вазифаҳое, ки аз Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳ монда, бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд:

- таъмини саривақтии воридоти тамоми намудҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ, инчунин ӯҳдадориҳои давлат дар мавриди пардохти нафақа, музди меҳнат ва кӯмакпулиҳо;

- назорати қатъӣ ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва пешгирии кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ;

- ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шумораи ҳарчи зиёдтари ҷойҳои нави корӣ;

- афзоиши ҳарчи бештари истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ ва ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва бо ҳамин роҳ барқарор кардани иқтидори содиротии вилоят;

- дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини рушди он;

- дар заминҳои корами обӣ васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва соле аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил;

- истифодаи сарфакорона, оқилона ва самарабахши обу замин, барқу газ ва гармӣ;

- рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
- беҳбудии сатҳи хизматрасонии тиббӣ, маишӣ, коммуналӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ;

- дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, яъне то моҳи октябри соли ҷорӣ ҳатман ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ;

- омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 ва андешидани ҳамаи чораҳо ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо сӯзишворӣ ва зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ;

- риояи муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва назорати қатъии ин масъала аз тарафи мақомоту сохторҳои дахлдор.

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки фитри рӯзаи имсола барои кӯмак ба оилаҳои камбизоат, пеш аз ҳама ба хотири харидорӣ кардани лампаҳои каммасраф барои онҳо сарф карда шавад.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки аз ҳамин сол сар карда, тамоми фаъолияти мо бояд ба ифтихори 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирад ва мо - фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадорем то рӯзи таҷлили он, ки воқеан бузургтарин ҷашни халқамон хоҳад гардид, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро афзунтар гардонем ва пояҳои давлату давлатдории миллиамонро бо заҳмати шабонарӯзӣ ва муносибати софдилонаву содиқона нисбат ба Ватани аҷдодиамон мустаҳкам намоем.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барори кор орзумандам.

Бигзор ба ҳар кору иқдоми мову шумо ба манфиати давлат ва мардуми шарифамон рӯҳи гузаштагони бузургамон, аз ҷумла пешвои мазҳабамон – Имоми Аъзам, ки соли ҷорӣ соли бузургдошти ӯст, мададгор бошад.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520