Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани маҷмӯи хонаҳои баландошёнаи воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ

02.06.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам сохтмончиён!
Ҳозирини гиромӣ!

Бори сеюм аст, ки мову шумо дар ин мавзеъ ба хотири гузоштани хишти аввал ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хонаҳои баландошёна ҷамъ меоем.

Ду сол пеш, яъне соли 2007-ум дар арафаи иди Наврӯз ба бунёди ин биноҳои баландошёна оғоз бахшида будем, ки соли гузашта сохтмони 8 бино ва ҳоло 6 бинои дигар ба анҷом расонида шуд. Бо ҳамин дар маҳаллаи мазкур дар маҷмӯъ барои 624 оила манзили зист фароҳам оварда шуд.

Аввалан, ҳамаи онҳоеро, ки дар ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ соҳиби манзили зисти нав шудаанд, самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар кадомашон рӯзгори хушу осуда ва файзу баракат орзумандам.

Ҳамзамон бо ин, ба тамоми сохтмончиён, аз ҷумла меъморону лоиҳакашон, мутахассисон, кормандони муҳандисиву техникӣ ва коргарон, инчунин сармоягузорон ва ҳамаи онҳое, ки барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода додани хонаҳои мазкур саҳмгузорӣ кардаанд, арзи сипос менамоям.

Тавре ки дар вохӯриҳои пешин зикр карда будам, эҳтиёҷоти сокинони пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ба манзили зист хеле зиёд аст. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади паст кардани шиддати проблема ва арзиши манзил, ки солҳои охир то андозае баланд гардида буд, мо бо роҳи ҷалб намудани қисман маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории дохилӣ дар навбати аввал ба анҷом расонидани биноҳои бисёрошёнаи сохтмонашон нотамом ва хонаҳои нави истиқоматӣ шурӯъ намудем.

Дар баробари ин, ҷиҳати ба талаботи пойтахти давлати соҳибистиқлол мутобиқ гардонидани тамоми инфраструктураи пойтахт, нақшаи генералии он аз нав таҳия ва қабул карда шуд, ки ҳоло мувофиқи он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Бо истифода аз фурсат, яъне маросими ба истифода додани маҷмӯи биноҳои истиқоматӣ, мо тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо - намояндагони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ, меъморону лоиҳакашон ва сармоягузорону бунёдкунандагони иншооти маъмуриву маишӣ ва иҷтимоии пойтахти кишвари азизамон вохӯрда, таваҷҷӯҳи шуморо ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини корҳои сохтмонӣ ҷалб намоем.

Зеро сарфи назар аз иқдомоти мунтазами давлат дар самти вусъат додани созандагиву бунёдкорӣ ва сохтмону азнавсозии иншооти маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ, ки солҳои охир оғоз ёфтаанд, симои меъморӣ ва шароити имрӯзаи шаҳр вобаста ба талаботи пойтахти давлати соҳибистиқлол ҳанӯз чандон қонеъкунанда нест.

Барои ба маркази воқеии маъмурии давлат табдил додани он бояд иншооти зарурӣ бо дарназардошти суръати тараққиёти ҷаҳони муосир барои садсолаҳои оянда сохта шуда, раванди ободониву кабудизоркунӣ тақвият бахшида шавад. Дар ин кор бояд дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шумо – мутахассисону кормандони соҳаи сохтмон ва сармоягузорон бештар андеша намоед ва фаъол бошед.

Шумо хуб медонед, ки мо соҳиби давлати мустақил мебошем ва пойтахти он бояд аз ҳар лиҳоз намуна бошад. Яъне дар он ҳар як бинову иншоот тавре бунёд карда шавад, ҳар як буттаву ниҳол тавре шинонида шавад, ки даҳсолаҳо пойбарҷо ва зебо боқӣ монад.

Меъморону лоиҳакашон, бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки бо сохтмони иншооту биноҳои пойтахти мамлакат сарукор доранд, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки миллати мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдор буд, яъне шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ суннати деринаи мардуми мо ва ҷузъи муҳими тамаддуни он ба ҳисоб меравад.

Мо бояд на танҳо аз ин суннат ифтихор кунем, балки онро дар шаклҳои зебову такмилёфта ва бо истифода аз дастовардҳои илми меъмориву шаҳрсозии муосир идома диҳем.

Бояд ба назар гирифт, ки пойтахти давлат шаҳри оддӣ нест, он симои миллат ва давлат мебошад. Инчунин маркази давлат, сиёсат, илму фарҳанг, чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ниҳоят маркази муттаҳидкунандаи халқ аст.

Дар мавриди сохтмон, сарфи назар аз таъиноти иншооти бунёдшаванда, бояд дар навбати аввал нақшаи генералии шаҳр риоя гардад ва ба сифати корҳои иҷрошаванда, инчунин истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин мехоҳам диққати лоиҳакашон ва сохтмончиёнро дар мавриди бунёди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба масъалаҳои таъминоти манзилҳои бунёдшаванда бо хатҳои газ, барқу гармӣ ва обу корез, инчунин нуқтаҳои хизматрасонии савдо, маишӣ, тиббӣ, фарҳангиву фароғатӣ, нигоҳдории мошинҳо ва кабудизоркунии ҳудуди онҳо ҷалб намоям. Дар қатори онҳо бояд масъалаҳои мактабу кӯдакистонҳо низ ба инобат гирифта шаванд.

Дар баробари ин, шумо – роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ бояд ба масъалаҳои ҳарчи бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, бахусус онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ва дар корҳои сохтмонӣ таҷрибаи кофӣ доранд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоед.

Воқеан дигаргунсозии симои шаҳр, ба тарҳи меъмории он ҳусни тоза бахшидан ва боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти давлатамон, ки ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар мебошад, дар дасти шумо – сохтмончиён аст.

Аз ин рӯ, аз ҳамаи шумо тақозо мегардад, ки вазифаи худро дар марҳалаи созандагиву бунёдкории кишвари хеш бо дарки баланди масъулият ва моҳияти рисолати фарзандии худ дар назди Ватан иҷро намоед. Дар ин самт ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо орзумандам.

Ва дар охир изҳори боварӣ менамоям, ки ҳар яки шумо дар ҷараёни бунёдкориҳои пойтахти Ватани азизи худ фаъолона иштирок карда, дар сохтмони иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он ҳиссаи сазовор мегузоред.

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520