Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи таҷлили зодрӯзи
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ



Бо назардошти хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик ва ҷаҳон, гуфтугӯи тамаддунҳо ва ташаккули худшиносии миллӣ, инчунин аҳамияти мероси ӯ дар тарбияи насли наврас мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр таҷлил карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

ш. Душанбе
01 июни соли 2009
№664

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520