Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

10.01.2022 19:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз пас аз ба анҷом расидани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат вазъияти имрӯзаро дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда, атрофи рушди вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо дар сатҳои мухталиф ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи амният таъкид карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520