ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд
таъин намудани Муҳаммадзода Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№326
МАЪЛУМОТНОМА
МУҲАММАДЗОДА Шӯҳрат
аз 26 январи соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд кор мекунад
Соли таваллуд 30 сентябри соли 1978 Ҷои таваллуд ноҳияи Ашт
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос маркетинг
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2003-2009 |
Раиси хоҷагии деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Ашт |
Аз апрели соли 2009 то ҳол |
Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати сохтмонии Рахшона»-и ноҳияи Ашт |