ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд таъин намудани Муинӣ М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муинӣ Мавсума Муинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№324
МАЪЛУМОТНОМА
аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон кор мекунад
Соли таваллуд 8 октябри соли 1981 Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо
Унвони илмӣ номзади илмҳои таърих
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсии дарӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2015 Медали «Хизмати шоиста»
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2003 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2016 – 2019 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2011 |
Аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (шӯъбаи ғоибона), шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2003 – 2004 |
Ассистенти кафедраи ҳуқук ва мурофиаи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2004 - 2006 |
Ассистенти кафедраи ҳуқуки ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2006 – 2007 |
Ассистенти кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2007 -2009 |
Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд; |
Солҳои 2009-2014 |
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе; |
Солҳои 2014 - 2017 |
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2017-2022 |
Муовини раиси шаҳри Душанбе |
аз январи соли 2022 то имрӯз |
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд |