ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №6
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Исмоилзода М.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон