Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 27 январи соли 2022 №12
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Асозода М.Ш.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

АСОЗОДА Маҳмадумар Шамсулло

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»  кор мекунад

Соли таваллуд   соли 1968           Ҷои таваллуд    шаҳри Норак

Миллат   тоҷик                                       Маълумот   олӣ

соли 1992  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис - барқчӣ 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   Вакили маҷлиси вакилони халкии шаҳри Норак

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2009 - Медали «Хизмати шоиста»

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1992

Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 1992-1995

Муҳандис оид ба дифои релеи дараҷаи 2-ум, муҳандиси дараҷаи 1-ум ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Норак, ш.Норак

01-04 соли 1995

Муҳандис оид ба дифои релеи ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқи техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 1995-1997

Сардори озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 1997-2006

Сардори шуъбаи истеҳсолӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 2006-2015

Сармуҳандиси НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

04-11 соли 2015

Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати сиёсати энергетика ва зихира об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе

Солҳои 2015-2022

Муовини якуми Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520