Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Тоҷир пласт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

08.02.2022 09:52, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Тоҷир пласт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  08.02.2022

8 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат” дар маркази шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Мирхолиқов бунёд гардидааст.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”, ки дар раванди татбиқи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Бо дарназардошти талаботи аҳолӣ  ва ширкату корхонаҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.

Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас ва васлу насб гардидааст. Ашёи хом бошад, асосан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба корхона дастрас мегардад.

Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд ва солҳои охир талабот ба он бештар гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда намуна арзёбӣ карданд.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520