Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди токзор дар масоҳати 50 гектар дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

08.02.2022 11:21, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди токзор дар масоҳати 50 гектар дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  08.02.2022

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.

Хати оби полезӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт ва гардиши 750 аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.

Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Сипас, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нақшаи ҷойгиршавии токзорҳои деҳоти “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғавуров шинос шуда, дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди 50 гектар токзори нав оғоз бахшиданд.

Бо оғози бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамоатҳои “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор карда мешавад.

Ангурпарварони ду деҳот, ки аксарияти токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.

Бунёди токзори нав дар мавзеи Сомғор дар заминаи боғҳои кӯҳна, ки солҳои 1978 -1979 ташкил гардида буд, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ дар бархе аз кишварҳои дунё ҷиҳати истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520