Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон

24.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон идома ёфт.

Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат оғоз шуд.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар ин ҷо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Хорватия афрохта шуда, Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месичро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ҳамчунин корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуд.
Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди Сарони ду давлат анҷомбахши маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия шуд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ҳамин бино нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич баргузор гашт.

Масоили ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хорватия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Тоҷикистон Хорватияро чун яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо меҳисобад ва мо тамоми чораҳоро хоҳем андешид, ки аз имкониятҳои ҳамкорӣ пурра истифода барем, ба хусус дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот ва пешрафт», - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони ду давлат аз муколамаҳои роҳбарияти сатҳи олии ду кишвар, ки солҳои ахир пайваста сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, эҷоди заминаи ҳуқуқии ҳамкории иқтисодӣ ва таъсис додану фаъол намудани сохторҳои дахлдори миёни ду кишвар, аз ҷумла комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ниҳодҳои ҳамоҳангсози фаъолияти субъектҳои гуногун, ҳамчунин созмондиҳии намоишгоҳҳо, фестивалҳо, рӯзҳои фарҳангӣ ва ташвиқи ҳамкории мустақими миёни ниҳодҳоро зарур шумурданд.

Соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, кимиё ва кӯҳӣ, сохтмони манзил ва инфрасохтори туризм ва ғайра аз самтҳои судбахши ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Пайваста гузарондани машваратҳои сиёсӣ оид ба ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ?амкорӣ дар Аврупо ва муассисаҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ низ муҳим дониста шуд.

Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки ба Хорватия сафари ҷавобии расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Хорватия – Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия оид ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич имзо гузоштанд.

Ду санади дигар Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ва Ёддошти тафоҳум миёни палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва палати савдои Хорватия буд.

Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Хорватия – Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич дар назди хабарнигорон изҳороти матбуотӣ баён намуда, аз натиҷаҳои мулоқотҳои расмӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520