ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 21 феврали соли 2022 №39
ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдухолиқзода Л.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АБДУЛХОЛИҚЗОДА Лутфия Абдулхолиқ
аз моҳи феврали соли 2022 муовини вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон
Соли таваллуд 5 декабри соли 1971 Ҷойи таваллуд ноҳияи Данғара
Ихтисос омӯзгори забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ ва омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои русӣ
унвони илмӣ доктори илмҳои педагогӣ, и.в. профессор
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №245 аз 07.08.2014 бо медали«Хизмати шоиста», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07 соли 2021, №213 бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон»
Солҳои 1988-1993 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1993-2003 |
Омӯзгори забон ва адабиёти рус дар коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2009 |
Муаллими калони кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2010 |
Муовини мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2010-2012 |
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012 -2015 |
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015-2019 |
Ректори муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
Солҳои 2019-2020 |
Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2020 -2021 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36 |
Аз моҳи феврали |
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |