Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи телефонӣ

15.05.2009 13:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст:

«Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Президенти мамлакат аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳои мошингард гирифта шаванд.

Ҳамчунин лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарон, ки дар ёдгориҳои таърихӣ, мақбара ва мазорҳо гузошта шудаанд, гирифта шаванд.

Минбаъд дар кадом шакл гузоштани аксҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520