Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

24.02.2022 11:00, шаҳри Бохтар
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон  24.02.2022

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 - 2025 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8300 иншоот бо таъсиси зиёда аз 40 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат дар нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлонро ҳамаҷониба таҳлил карда, таъкид намуданд, ки суръати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2021 ба талабот ҷавобгӯ набуда, сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда дар қиёс бо нақшаҳо хеле паст мебошад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута иҷрои сифатноку саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшударо таъмин намуда, банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодиро ба таври воқеъбинона ва бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст. То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо барои бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз чор лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Барои пурра ва босифат татбиқ кардани лоиҳаҳои дар вилоят татбиқшаванда, ҷоннок кардани раванди ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд.

Ҳарчанд ки соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 102,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ин ҳисоб соли 2021 ба буҷет беш аз 102 миллион сомонӣ ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст. Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, ташаккули буҷети маҳаллӣ, истифодаи самараноки маблағҳо ва шаффофияти хароҷоти онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш гирифтанд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилояти Хатлон ва арзёбии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ солҳои 2022 - 2026 “Солҳои рушди саноат” таъкид гардид, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 беш аз 11 фоиз афзудааст. Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати мутобиқ кардани нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар, Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорон рушди соҳаҳои мухталифи саноат, хусусан, саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон бо ин, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф истифодаи самараноки минтақаҳои озоди иқтисод ва дар ин раванд ташкили паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатӣ зарур шумурда шуд.

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ дода шуд.

Вобаста ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконият медиҳад, дар Паёми Роҳбари давлат ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудааст. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, пӯст, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда аз Сарвари давлат дастур гирифтанд.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 937 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар 14 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Соли 2021 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои мазкур шаҳодати иқтидору имкониятҳои зиёди вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот мебошад.

Роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истифодаи усулҳои агротехникаи пешрафта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин, доир ба нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани майдони боғу токзор, аз ҷумла бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот ҳамаи имкониятҳоро сафарбар созанд.

Ба хотири расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ вусъат додани корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ зарур шумурда шуд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ истифодабарии самараноки заминро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гушаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи нақлиёту боркашонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати наклиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вазифа гузоштанд, ки бо истифода аз тахфифҳои ҷоригардида дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои бартараф кардани камбудию норасоиҳои ин бахшҳо супориш доданд, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ аҳли маориф, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё бояд чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Дар ин самт масъулин супориш гирифтанд, ки хусусан, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоро тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монанд.

Барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии беҳтари тиббӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканию ҷинояткориҳо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо, пурзӯр кардани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан сарҷамъу аҳлона ва содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва сатҳи аз имрӯза беҳтари зиндагии ҳар як оила ноил мегарданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520