Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

24.02.2022 17:31, шаҳри Душанбе

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд. 

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед” - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520