Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2012 19:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба андозаи 7,4 ва ду соли дигар 7,5% бояд таъмин гардад. Қурби асъори миллӣ бошад дар 3 соли оянда дар доираи 4,90, 4,94 ва 4 сомонию 99 дирам ба як доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Сипас ба муҳокимаи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав пешниҳод гардид. Тавре зикр гардид, шумораи андозҳо дар лоиҳаи нав 10 адад муқаррар шудааст, ки нисбат ба кодекси амалкунанда 11 адад кам мебошад. Дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардондани буҷети давлат аст. Кодекси нави андоз тибқи нақша аз 1 январи соли 2013 сар карда, то соли 2017 бояд зина ба зина пурра мавриди амал қарор дода шавад.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат як зумра барномаҳои нави давлатӣ тасдиқ карда шуд. Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди биотехнологияи чорво барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи беҳгардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар солҳои 2012-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 272 оилаи ниёзманд ва 76 гектар барои 758 оила дар ноҳияи Ванҷи ҳамин вилоят ҷудо карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли равон барои мардуми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ва дигар шахсони масъул доир ба таъмини фаровонию эътидол дар тамоми бозорҳои кишвар, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба қадри кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520