Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи “Кохи Олимп” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

17.03.2022 10:50, шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи “Кохи Олимп” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии “Кохи Олимп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Толори варзишии “Кохи Олимп” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сафед-дара” бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.

“Кохи Олимп” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.      

Дар таҳхонаи бино бахши техникӣ ва дар ошёнаи якум аз ду ҷониб чор ҳуҷраи либосивазкунии алоҳидаи замонавӣ барои мардону занон ва ҳаммом барои 15 нафар мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толор барои меҳмонони воломақом, толори машқу тамрин дар риштаи гуштин ва бокс, ҳуҷраи кори доварон ва шореҳони варзиш мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Толори варзиши бадан низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.

  Зимни боздид аз шароиту имконияти “Кохи Олимп” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти махсуси варзишӣ аз кишварҳои Аврупо ворид карда шуда, ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ аст. 

Дар толори варзишии “Кохи Олимп” 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарони пойтахт таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520