Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

18.03.2022 17:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Кодекси манзил, қонунҳо “Дар бораи захираҳои генетикӣ”, “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодекси нави манзил асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хизматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим намуда, ба рушди соҳа нигаронида шудааст.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  захираҳои генетикӣ”, “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ” ба рушди соҳаҳои номбурда мусоидат намуда, ба ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ равона гардидаанд.

Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520