Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хишт дар шаҳри Левакант

20.03.2022 09:35, шаҳри Левакант
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хишт дар шаҳри Левакант   20.03.2022

20 март дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калонтарин корхонаи истеҳсоли хиштро дар вилояти Хатлон, ки фаъолияташ пурра тариқи хатҳои нави технологӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз ҷониби муассисони Корпоратсияи “Салтанат” ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, дар ин ҷо бо назардошти фаъолияти мунтазам дар бахши истеҳсолӣ, истихроҷи ашёи хом, фурӯши маҳсулоти тайёр ва дигар самтҳои ёрирасон зиёда аз 650 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Технологияи корхона асосан истеҳсоли ширкати бонуфузи “БРИКТЕК” (BRICTEC)-и Италия буда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад ва дар бештари кишварҳои дунё дар омодасозии хишти сохтмонӣ аз ҳамин гуна дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта истифода мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз лиҳози иқтидор ва имконияти технологӣ дар вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли хишти пухта назир надорад.

Дар ин корхона дар як сол имкони истеҳсоли зиёда аз 30 миллион дона хишт мавҷуд буда, ашёи хом асосан аз масофаи начандон дур дастрас карда мешавад. Дар оянда ҷиҳати таъмини пурраи талаботи ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ бо хишти сохтмонӣ мавҷудияти захираи бузурги ашёи хом шароити мусоидро фароҳам меорад ва тавре маълум аст, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ҳам аз дастрасӣ ба ашёи хом вобастагии зиёд дорад.

Бартарии корхонаи нав дар он аст, ки маҷмуи таҷҳизот дар асоси дастовардҳои муосири техникии соҳа, аз ҷумла бо истифода аз технологияи Италия ва Ҷопон интихоб ва васлу насб карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми муассисон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар раванди истеҳсолот бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонида, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.

Дар маҷмуъ дар се корхонаи истеҳсолии Корпоратсияи “Салтанат”, ки дар ин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, 1200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520