Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди тутзор дар Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2”-и ноҳияи Кӯшониён

20.03.2022 11:33, ноҳияи Кӯшониён
Бунёди тутзор дар Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2”-и ноҳияи Кӯшониён   20.03.2022

20 март дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид ба амал оварда, барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.

Боғи тут бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани соҳаи кирмакпарварӣ таъсис ёфта, бо ин мақсад дар масоҳати 2,5 га замин бо технологияи наву муосир 3700 адад ниҳоли тут шинонида шуд. Дар боғи мазкур асосан навъи тути “Марҳамат” шинонида шуд.

Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” дар маҷмӯъ дорои 5 га қитъаи замин мебошад.

Дар боқимонда қитъаи замини хоҷагии мазкур гандум кишт гардида, ҳамзамон барои кишти пахта омода карда шудааст.

Ниҳолҳои тут аз ҳисоби барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъмин гардид.

Қаблан дар мавзеи мазкур ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти сабзавот ва пахта ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон аз ҳамин ҳисоб то 50 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст меоварданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар қитъаи замин бошад, аз 40 то 50 сентнериро ташкил менамуд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна, ки аз талошҳову ташаббусҳои неки Сарвари давлат сарчашма мегирад, ба хотири таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии кишвар, истифодаи самараноки заминҳо, гирифтани ду се ҳосил аз як замин дар як сол, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва ҳамчунин ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ дар мамлакат, амалӣ карда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520