Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

21.03.2022 10:29, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони маҷмуаи варзишӣ 6 гектар, ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ 15 000 адад ва маблағи сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинои варзишгоҳ 3 ошёна буда, дар он барои варзишгарон ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои духтурон ва маъмурият, инчунин дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст.

Дар маҷмуаи варзишӣ барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудааст.

Дар рафти бунёди варзишгоҳ 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ ва баъди мавриди истифода қарор додан 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Маҷмуаи варзишӣ аз як даромадгоҳи марказӣ ва 5 даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоаҳти майдони футбол 118 бар 72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар ин маҷмуаи муосири варзишӣ ҳамчунин имкон аст, ки дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шавад.

Аввалин чорабинии идона – таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат буд, ки бо иштироки шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

 

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520