Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

11.04.2022 17:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳое, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ҳамин тариқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар - муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом - ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Қурбониён Сарвар Собир - муовини вазири молия ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари вазорати маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520