Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои таваллудхона дар шаҳри Панҷакент

14.04.2022 10:30, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи бинои таваллудхона дар шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.  

Бинои таваллудхонаи шаҳрӣ барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Иншооти нави тандурустӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо сифати баланд сохта шудааст.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шароиту имкониятҳои  нави хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад. Дар таҳхонаи иншооти навбунёд  ҳуҷраҳои бойгонӣ, анбори нигоҳдории маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошад. Мувофиқи лоиҳа бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз 6 шуъба иборат буда,  табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба занон ва тифлони навзод хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Дар ошёнаи якум шуъбаи қабул, шуъбаи эҳёи калонсолон ва кӯдакон, амалиётхона, хатна ва як ҳуҷраи зоишгоҳи фаврӣ, дар ошёнаи 2-юм 10 ҳуҷраи зоишгоҳ, эҳёи калонсолон ва дар ошёнаи 3-юм ҳуҷраи баъди таваллуд ҷойгир аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз моҳи июни соли 2017 аз ҷониби Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент оғоз гардида, иншооти мазкур дар зарфи 5 сол ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта ба истифода дода шуд. Барои иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ мутахассисон ва бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бо сохта ба истифода додани бинои замонавии таваллудхонаи шаҳрӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак беҳтару хубтар гардида, барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 нафар табиб, 57 нафар корманди миёнаи тиб ва 27 нафар корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд.

Дар маҷмуъ дар таваллудхона барои муоина ва табобати саривақтии модару кӯдак зиёда аз 40 дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки акнун дар чунин шароит табибон занон ва кӯдаконро ба табобат фаро мегиранд. Дар таваллудхона барои аз ташхис гузарондани модару кӯдак таҳлилгоҳ, ҳуҷраи  ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, омӯзиши модарон ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои нави тиббӣ таъмин гардидааст. Бинои мазкур ба шабакаи махсуси гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии ҳуҷраҳо аз ҳамин ҳисоб таъмин мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити арзандаи ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки дар таваллудхона муҳайё шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат сохта ба истифода додани бинои нави таваллудхонаи шаҳриро дастгирии давлат баҳри ҳифзи солимии миллат, бахусус модарону кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, табибонро ба хизмати софдилона  ва баланди тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд. 

Айнӣ замон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 13 шуъбаи  таваллудхона дар назди  беморхонаҳои минтақавии деҳот мавҷуд аст, ки дар онҳо ба сокинон хизмати сифатноки тиббӣ расонда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520