Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15.04.2022 09:15, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  15.04.2022

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полезӣ ифтитоҳ карда, ба бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» оғоз бахшиданд.

Боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» дар масоҳати 13 гектар бо иқдоми муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» Олимҷон Неъматзода бунёд карда шудааст.

Барои обёрии боғ, ки бо усули қатрагӣ пешбинӣ гардидааст, дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда шудааст.

Маълумот дода шуд, ки дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда замин ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидааст, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст.

Барои амалӣ шудани ин ташаббуси нек 250 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуда, дар натиҷа 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полезӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеъи Рухак марҳилла ба марҳилла ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида истодааст. Бино ба маълумоти Идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои мавзеъи Рухак 2351 гектарро ташкил медиҳад.

Рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 4490 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин нишондод 175 фоиз иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба ҷойи 2046 гектар 4958 гектар боғҳои куҳна барқарор гардид.

Дар шароити куҳсори Тоҷикистон бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳо ва дар заминҳои солҳо бекорхобида амри муҳиму зарурӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони боғот10 ҳазору 533 гектар буда, соли ҷорӣ дар масоҳати 268 гектар боғ бунёду барқарор карда шудааст.

Ҳамасола ҳосили боғот ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушккардашуда ба кишварҳои дуру наздик содирот карда мешавад. Соли 2021 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷ 44 ҳазору 555 тонна хушкмева ба маблағи 16,2 миллион долар содирот шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520