Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коргоҳи истеҳсолии хӯроки чорво ва паранда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

15.04.2022 09:39, ноҳияи Ҷаббор Расулов
Ифтитоҳи Коргоҳи истеҳсолии хӯроки чорво ва паранда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  15.04.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва паррандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз”-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмини корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таьсис дода шудааст.

Барои бунёду таъмини таҷҳизоти технологӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкати бонуфузи “ДОЗ-Агро”-и шахри Нижный Новгороди Федератсияи Русия харидорӣ ва насб карда шудааст.

Таҷҳизоти технологӣ муосир буда, мутобиқ ба технологияҳо истеҳсоли хӯроки чорвою паранда дар якчанд марҳила, аз ҷумла коркарди буғӣ, фишоркунӣ  майдакунӣ ва бандубаст сурат мегирад. Коргоҳ иқтидор дорад дар як шабонарӯз аз 100 то 120 тонна, дар як моҳ 3600 тонна ва дар як сол 42 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд.

Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, 4 намуди витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво зарур аст, истифода мешавад.

Хӯроки омехта асосан ба корхонаю ҷамъиятҳои чорводорию парандапарварии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фуруш бароварда мешавад. Арзиши маҳсулоти истеҳсоли худӣ нисбат ба маҳсулоти аз берун воридшаванда арзон аст. Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда захираҳои ашёи хом барои давраҳои муайян мавҷуданд ва иқтидори захиравӣ 8 ҳазор тонна ашёи хом мебошад.

Соҳибкорон дар оянда нақша доранд, бо бунёди боз 6 чунин иншооти захиравӣ ҳар кадоме бо иқтидори 500-тоннагӣ ҳаҷми захираи ашёи хомро зиёд намуда, иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам афзун намоянд.

Иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ин нахустин корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво аст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин, дигар намуди маҳсулоти истеҳсоли корхона муаррифӣ карда шуд. Корхонаи “Сомон-Кишоварз” ба ғайр аз истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда, ҳамчунин соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода додааст. Дар он 25 намуди макарон бо номи “Арзанда” ва “Грин-фудс” истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли коргоҳ дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна буда, дар он 90 нафар фаъолият мекунанд. Маҳсулоти коргоҳ ба бозори дохила пешниҳод мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520