Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 14-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2008 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад.

Бинобар ин, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.

Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Аз ин рӯ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.

Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.

Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд.


Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.

Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Дар тамоми ин муддат аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд.

Сарқонуни мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии иқтисоди ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад.

Асосҳои бунёдии ин санади таърихӣ – эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, шароити ҳамаҷонибаи рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон дароянд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафҳои олии худ - эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар Сарқонуни мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.

Омили муҳими амалӣ шудани ин талабот ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ вобаста аст. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Паёми имсолаи Президент ба парламенти кишвар таъкид шудааст, ки зарурати таҳияву қабули Барномаи нави дарозмуддату мукаммали тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст.

Дар ин Барнома бояд тадбирҳои ҳамаҷонибаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, роҳу воситаҳои амалӣ намудани он пешбинӣ гарданд.
Итминони комил дорам, ки риояи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки санади муқаддасу раҳнамунсоз ва қутбнамои халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад, меъёри халалнопазири зиндагиву фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа хоҳад буд.

Ҳамватанони азиз!

Таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсия ба рӯйдоди басо фараҳбахш - ифтитоҳи боз як шабакаи телевизионии нав – телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи дигари радиоии «Фарҳанг», ки ҳарду шабака дар як шабонарӯз бистучор соат фаъолият хоҳанд кард, рост омад.

Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар тайи се соли охир дар мамлакат се шабакаи телевизионӣ ва як шабакаи радиоӣ ба кор шурӯъ намуданд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи инкишофи воситаҳои ахбори омма ва дар ин замина таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба иттилоот ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.

Бо истифода аз ин фурсат ифтитоҳи телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва радиои «Фарҳанг»-ро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, ба кормандони ин шабакаҳои навтаъсис барори кор ва комёбиҳои шоистаи эҷодӣ орзумандам.

Умедворам, ки ин шабакаҳо фазои иттилоотии кишварро бо барномаҳои пурмӯҳтавои худ ғанӣ гардонида, дар рушду нумӯъ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи мо саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаатон сиҳатии комил, осудагиву рӯзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирӯзиҳо орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520