Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Ашт

16.04.2022 10:30, ноҳияи Ашт
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Ашт  16.04.2022

16 апрел дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои таълимӣ барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба маблағи 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Масоҳати умумии қитъаи замини мактаб, ки дар шаҳраки Шайдон воқеъ аст, 2,31 гектарро ташкил медиҳад.

Бинои мактаб сеошёна буда, он аз 12 синфхона, 9 синфхонаи фанниву озмоишгоҳ, китобхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, дегхона, ҳавзи об бо ғунҷоиши 160 метри мукааб ва 2 соябон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта буд. Дар вақти сохтмон сокинони маҳаллӣ иншоотро бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд бунёд карданд.

Барои боз ҳам хуштарҳу зебо кардани муҳити атрофи муассиса сохтмончиён тадбирҳои ободонӣ гузаронида, 150 бех дарахтони гуногун шинониданд. Майдони 3000 метри мураббаъ сабзкорӣ шуда, 550 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро бо истифода аз шароити муосири таълим ба омӯзиши фанҳои дақиқ, илмҳои муосир, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Омӯзгорон аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус равона созанд.

Хонандагону омӯзгорон барои ин туҳфаи арзанда ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси бепоён карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520