Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара

17.04.2022 13:08, шаҳри Исфара
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Исфара   17.04.2022

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмиллалии “Контакт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукуҳи таълимӣ шинос шуданд.

Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ барои 800 хонанда дар як баст бунёд шудааст.

Дар мактаби байналмилалӣ барои 50 нафар омӯзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини мактаб наздики 1 гектар ва масоҳати зери биноҳо бошад, 9000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мактаб дорои 40 синфхона ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва тамоми шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум ҳамчунин 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, 2 кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст. 

Мактаби нав ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида ва майдончаи футбол мебошад.

Иншооти замонавии соҳаи маориф дар партави дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.

Дар синфхонаҳои таълимии муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ бо хонандагон машғулият мегузаронанд.

Дар муассисаи таълимии байналмилалӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст.  

Бояд гуфт, ки дар бинои собиқи муассисаи таълимӣ, ки барои 150 нафар хонанда фаъолият дошт, аз ҷониби соҳибкорон муассисаи томактабӣ ташкил гардид. Дар ин ҷо акнун фарзандони сокинони шаҳри Исфара ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон, аҳли маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаи нави таълимии байналмилалии “Контакт” мулоқоти судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520