Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдара

30.03.2009 16:00

Субҳи имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдара аз натиҷаи корҳояшон дар семоҳаи аввали соли равон ва рафти иҷрои вазифаҳои минбаъда ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба рафти киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, кӯмакрасонӣ ба деҳқонон, вусъат додани корҳои ободонӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва ба пардохти саривақтии маошу нафақа зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба ҷоннок намудани корҳо дар ин ва дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла доир ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520