Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон

05.11.2009 14:00

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Понздаҳ сол муқаддам - рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки бо қабули ин санади сарнавиштсоз маҷмӯи ормону ниятҳои некро ба дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардо табдил доданд, самимона табрик мегӯям. Бояд таъкид намуд, ки се соли нахустини зиндагӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошӯб ва давраи ҷустуҷӯи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем.

Дар ин муддат, яъне баъди ба даст овардани истиқлолият баъзе доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ бо истифода аз гурӯҳҳои муайяни бегонапараст мардуми моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд.

Бо вуҷуди ин, дар давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид.

Ва мардуми мо бо қабули нахустин Конститутсияи худ, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, ба ҳамаи саволҳои гузошташуда ҷавоби дақиқ пайдо карда, роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро пеш гирифтанд.

Ба ҳайси ҳомии Қонуни асосӣ, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат мехоҳам изҳор намоям, ки Конститутсияи мо ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.

Бинобар ин, бояд таъкид кард, ки ҳар як пешрафти ба шарофати амали понздаҳсолаи Конститутсия бадастомада, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст. Зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад.

Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ эҳтиром мекунанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва баъди он, яъне 12-уми декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон таъкид карда будам, ки мо ҷонибдори бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем.

Дар натиҷа, моҳи июни соли 1993 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро ташкил намуд ва ин гурӯҳи корӣ баъди омӯзиши қонунҳои асосии як қатор кишварҳои пешрафта лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро омода карда, ба муҳокимаи Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард.

Баъдан бо пешниҳоди комиссияи мазкур дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.

Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шӯрои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид.

Ҳамзамон бо ин, лоиҳаи Конститутсияи мо аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон баланд арзёбӣ гардид.
Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад.
Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҳти танзим қарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф намудааст.

Албатта, ба ҳама маълум аст, ки 15 –сол пеш мо дар чӣ гуна шароит зиндагӣ мекардем ва масъалаи таъмини сулҳу субот барои Ватан, давлат, миллат ва ҳар фарди ҷомеаи мо аз ҷумлаи масъалаҳои тақдирсоз буданд.

Бо дарки масъулияти таърихии худ дар назди миллат ва Ватан мо ба барқарор кардани сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ шурӯъ намудем, ки натиҷаҳои он дар санади таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт гардиданд.

Дар Созишнома дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида буд.

Ва ҳамчун натиҷаи татбиқи муқаррароти ин санади мӯътабари миллат 26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рӯ ба инкишоф доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест.

Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рӯзи 22 июни соли 2003 амалӣ гардид.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд.

Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст.

Татбиқи меъёрҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, хулоса, ба шароиту имкониятҳо ва ба сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар вобаста мебошад.

Қонуни асосӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эълон намуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияти худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба роҳбарӣ гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд.

Вобаста ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон ҳамчун арзиши олӣ 26 октябри соли ҷорӣ бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ ба муносибати ҷашни 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудам. Ин санад қабул гардид ва аз дирӯз мавриди амал қарор дорад.

Умуман, бояд гуфт, ки дар давоми 15 соли охир 9 маротиба қонуни авф қабул гардида, муқаррароти онҳо нисбат ба 61 ҳазор маҳкумшудагон татбиқ гаштанд, аз ҷумла зиёда аз 40 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз маҳбас озод шуданд. Пешбинӣ шудааст, ки қонуни даҳуми авф ба 10 ҳазор нафар татбиқ шуда, зиёда аз 3 ҳазор маҳкумшуда аз маҳбас озод карда мешавад.

Ба андешаи ман, ин иқдомот боз як далели амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия дар хусуси арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ҳифз гардидани қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар ҳамин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандон ва дар бораи авфи шаҳрвандон вобаста ба қонунигардонии молу амволи онҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.

Масалан, аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боздоштани татбиқи ҷазои қатл, ки кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад, аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии башардӯстона дар ин самт буданд.

Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад.

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ҳамасола ба соҳаҳои иҷтимоӣ на камтар аз 50 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
Солҳои охир маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ хеле афзоиш ёфт, аз ҷумла ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф дар панҷ соли охир аз се фоиз то ба беш аз панҷ фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуд.

Барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил дар давоми 15-соли охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксарияти мактабҳо таъмиру таҷдид гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 850 мактаби нав бунёд ва таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар 78 мактаб-интернатҳо беш аз 8800 нафар кӯдакону наврасон, ки аз ин ҷумла зиёда аз 4000 нафарашон ятиму бепарастор, 3 ҳазор нафарашон аз оилаҳои камбизоат ва беш аз 1800 нафарашон маъюб мебошанд, таҳти парасторӣ ва ғамхории давлат қарор доранд.

Дар асоси барномаи ҳукуматии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 ҳазор компютер таъмин гардид ва барои 675 ҳазор хонанда имконияти омӯзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд.

Дар баробари ин, дар мамлакат теъдоди муассисаҳои олии касбӣ аз 13 ба 29 адад ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расонида шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавондухтарону ҷавонписарони болаёқати ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба таҳсил дар мактабҳои олӣ квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд ва дар доираи он ҳар сол 500 нафар ҷавонон ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда мешаванд.

Дар муддати дувоздаҳ соли амали квотаи президентӣ зиёда аз панҷуним ҳазор ҷавонони деҳот, ки аксарияташон духтарон мебошанд, дорои маълумоти олӣ гардида, дар айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои худ фаъолият карда истодаанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои олӣ низоми таҳсил ба стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ қабул шуда, марҳала ба марҳала татбиқ шуда истодааст.

Сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, бахусус ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ то андозае беҳтар гардида, ба онҳо кафолати хизматрасонии бепули тиббӣ дода мешавад. Илова бар ин, дар мамлакат тибби хусусӣ низ тадриҷан густариш меёбад.

Барои иштироки озоди шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангӣ, корҳои эҷодӣ ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба сарватҳои фарҳангиву маънавӣ давлат ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.

Давлати Тоҷикистон нисбат ба дини ислом, ки аксарияти аҳолии кишвар пайрави он аст, ҳамчун як ҷузъи маънавиёт ва фарҳанги аслии тоҷикон муносибат мекунад.

Арзишҳои ислом, воқеан, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон, суботи устувори ҷомеа, шиносоии мардуми кишвар бо фарҳанги инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ аҳамияти бузург доранд.

Аз ин хотир, давлат ба эҳёи фарҳанги исломӣ ва истифодаи фарҳангу маърифати динӣ дар танзими ҳаёти маънавии аҳолии кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди даҳҳо ҳазор нусха ду маротиба ба чоп расидани Қуръони маҷид, таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, инчунин ба барномаи таълимии мактабҳои миёна ворид намудани фанни махсуси «Маърифати ислом» мисоли равшани он мебошад.

Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки давлат нисбат ба ҳадафҳои воқеӣ ва сиёсии ташкилотҳои динӣ бетараф буда наметавонад, зеро онҳо низ фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои давлат ба роҳ мемонанд.

Бо мақсади танзими одилонаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуд.

Қонуни мазкур муқаррарот ва қоидаҳои рафтори қобили қабули ҳамагонро дар доираи озодии эътиқод пешбинӣ мекунад ва умедворем, ки он барои ба ҳам мутобиқ гардидани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дин, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароиву тафриқаандозӣ ва таъсиси гурӯҳҳои экстремистии диние, ки аз ҷониби доираҳои муайяни баъзе кишварҳо дастгирӣ меёбанд, мусоидат менамояд.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот мо Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем, ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифтаанд.

Дар мавриди танзими қонунии маросимҳои динӣ мо асосан ба фармудаҳои пири мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам, ки фақеҳи бузурги олами ислом буда, беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистон пайрави он мебошад, такя кардем.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки дар ҷомеаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулу ӯҳдадор мебошад, зеро ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бе ӯҳдадорӣ тасаввур кард.

Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад.

Дар ҳамин асос Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ӯҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад.

Маълум аст, ки ҳар гуна бесарусомониву бетартибӣ ва фитнаву низоъ дар ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор мекунад ва ҳатто ғайриимкон мегардонад.

Мову шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи поймол гардидани қонуну қонуният ва фалаҷ гардидани ҳокимият қурбониву фирорӣ шудани ҳазорон одамони бегуноҳ, хароб гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва бепарастор мондани кӯдакону оилаҳоро бо чашмони худ дидем.

Ин сабақи талхи таърихӣ ҳамаи моро доим ҳушдор медиҳад, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат ҳамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амри зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин ин амр устувории Конститутсия, қонунҳо ва низоми ҳуқуқиро таъмин намуда, дар навбати худ ба мустаҳкамӣ ва суботи давлату ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, то чӣ андоза таъсири манфӣ доштани зуд-зуд ворид намудани илова ва тағйир додани Конститутсияро низ мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳаёти худ диданд.

Танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором сохт.

Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, хеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт.

Аз ин рӯ, таъмини асли волоияти Конститутсия ва қонунҳо низ фақат дар сурати риояи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат, иқтидори мудофиавии он, ки дар натиҷаи иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои конститутсионии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат сурат мегирад, имконпазир мегардад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст.

Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рӯ, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондӯстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ӯ ба Конститутсияи худ ҷой доданд.

Дӯстони азиз!

Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад.

Дар тӯли солҳои сипаригардида ҳамчунин дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад.

Дар давоми понздаҳ соли амали Конститутсия дар Тоҷикистон беш аз 900 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул карда шуд.
Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳои давлат, фаъолияти пурсамари парламент, маҳорати касбӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ марбут мебошад.

Волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки дар чунин давлат қонун то чӣ андоза ҷавобгӯи талаботи воқеии шаҳрвандон ва ниёзи аҳли ҷомеа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақоми олии қонунгузори кишвар бояд ба сифати қонунҳо эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро то кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.

Бо мақсади такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки боиси рушду такомули низоми нави ҳуқуқӣ, эҷоди қонунҳои нав, танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми пешрафтаи иқтисодӣ мегардад, дар ин самт ҳаллу фасли вазифаҳои зеринро зарур мешуморам:

Якум. Бо мақсади ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки санадҳои қонунгузории Тоҷикистонро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дуюм. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо зарур аст.

Таҳия ва қабули қонунҳо бояд бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа сурат гирад. Аз ин рӯ, таҳияи консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими парламенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва Академияи илмҳо мебошад.

Сеюм. Такмили қонунҳои амалкунанда, қабули қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи нафақа, меҳнат, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбону ятимон низ яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Ва чорум. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин дар байни аҳли ҷомеа омӯзиши он ба таври васеъ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Идоракунии муваффақонаи давлат, пеш аз ҳама ба устувории низом ва мувозинати байни рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобаста аст.

Дар зарфи понздаҳ соли амали Конститутсия дар низоми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуданд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ сохтори идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ давра ба давра такмил дода шуд, ки дар ҷараёни он бо дарназардошти аслҳои «худдорӣ ва муқовимат» ва «ҳокимият ва итоат» низоми сохторҳои мавҷудаи мақомоти давлатӣ комилан тағйир ёфт.

Дар баробари ин, як қатор мақомоти нави ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва агентиҳои назорати маводи нашъовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуданд.

Дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2006-ум шумораи вазорату кумитаҳои давлатии Тоҷикистон 32 фоиз ихтисор гашта, ба 17 адад расонида шуд.

Тадбири мазкур имкон дод, ки идоракунии давлатии соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеа беҳтар ба роҳ монда шавад. Низоми идоракунии давлатӣ минбаъд низ вобаста ба пешрафти ҷомеа такмил ва ба талабот мувофиқ гардонида хоҳад шуд.

Дар шароити имрӯзаи вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо дарназардошти зарурати азнавсозии иқтисодиёт баъд аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тақозо менамояд, ки низоми идоракунии давлат ба талаботи идоракунии муосир мутобиқ бошад ва ҳадафҳои стратегии давлат, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар амал татбиқ намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ ва моликияти хусусӣ дар мамлакат асос гузошт.

Пас аз қабул гардидани Конститутсия, дар натиҷаи ташаккули низоми нави иқтисодӣ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳукуматии хусусигардонӣ, вусъат додани соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ кардани шаклҳои нави фаъолияти иқтисодӣ, таъсиси ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Ислоҳоти иқтисодӣ ва ташкили низоми нави иқтисодӣ дар Тоҷикистон маҳз дар заминаи Конститутсия ва, пеш аз ҳама, меъёрҳои он дар бобати гуногунии шаклҳои моликият, кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ муяссар гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ дар кишвар фаъолияти соҳибкорӣ ибтидо гирифта, рӯ ба инкишоф овард.

Ҳаёти иқтисодии кишвар мазмуни комилан дигар пайдо кард, фарҳанги нави иқтисодии аъзои ҷомеа ташаккул ёфт ва мустақилияти иқтисодиву ташаббускории шаҳрвандон густариш пайдо карда, равобити соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа вусъат гирифт.

Зимни ислоҳоти иқтисодӣ низоми нави бонкӣ ҷорӣ гардида, саҳми бонкҳо дар татбиқи сиёсати қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна афзуд.

Стратегияи ягонаи идораи молияи давлатӣ таҳия ва амалӣ гардида, ислоҳоти идоракунии он, шаффофият, самарабхшӣ ва назорати даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, беҳтар намудани раванди ташаккули он ва ислоҳоти низоми андоз таъмин карда шуд.

Бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва қабули барномаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандии бахши воқеии иқтисод, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, фазои сармоягузории кишвар боз ҳам беҳтар гардид.

Дар ҷараёни ташаккули низоми нави иқтисодӣ қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо дарназардошти муқаррароти марбутаи Конститутсия доир ба фаъолияти соҳибкорӣ, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд, муносибатҳои нави соҳаҳои зикршударо таҳти танзим қарор дода, ҳамоҳангсозии манфиатҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусиро ба роҳ монданд.

Дӯстони азиз!

Дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст.
Аз ин рӯ, баробари қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шӯрои адлия таъсис ёфтанд. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо мӯҳлати ваколати онҳо даҳ сол ва синни пешниҳод ба вазифа то 65-солагӣ муқаррар карда шуд.

Барои баланд бардоштани обрӯю эътибори судяҳо дар ҷомеа ҳоло зарур аст, ки муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ, инчунин тадбирҳои дар барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқии бо фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқшуда пурра ва бетаъхир иҷро карда шаванд, ки ин бевосита ба таъмини ҳарчи бештари адолати иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ ба таҳкиму устувор гардидани ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад.

Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд.

Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти Суди конститутсионӣ дар низоми судии кишвар дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шарт ва зарур аст. Дар тӯли солҳои гузашта бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ садҳо қонунҳои соҳавӣ ва 17 кодекс қабул карда шуданд.

Дар айни ҳол лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мо пешниҳод гардида буд, аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Мутобиқи он фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура ва суд дар мавриди таъқиби ҷиноят ва мурофиаи судӣ ба куллӣ тағйир ёфта, аслу муқаррароти конститутсионии дахлнопазирии шахс, манзили ӯ, ҳифзи судии шахс, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳимоячӣ, ба тарзи мубоҳиса ва дар асосҳои баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиаи судӣ хеле васеъ гардиданд.

Аз сӯи дигар, амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлат, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад.

Воқеан, волоият ва нуфузи қонун дар ҷомеа аз сатҳи риоя ва иҷрои талаботи он вобастагии мустақим дорад, зеро риоя ва иҷрои бошууронаву озодонаи қонун баёнгари солимии ҷомеа ва рушду такомули мӯътадили он мебошад.

Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.

Бинобар ин, бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанӯз соли 1997 Фармони Президенти Тоҷикистон, сипас Барномаи давлатӣ дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расида буданд.

Соли равон бо мақсади такмили низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ Барномаи нави Ҳукумат доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардид, ки он бешубҳа дар баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки ҳалли масъалаи тарбияи ҳуқуқӣ танҳо бо як ё якчанд барномаи ҳукуматӣ маҳдуд шуда наметавонад.
Дар таълиму тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд аз мактаби миёна то Академияи илмҳои Тоҷикистон, инчунин мақомоти баландпояи давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.

Таъмини волоияти қонун, пеш аз ҳама, аз сатҳи салоҳият ва маҳорати касбии кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот вобастагии калон дорад.

Дар робита ба ин, аз чоп баромадани тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимон ва кормандони амалияи ҳуқуқ таҳия шудааст, аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Гузашта аз ин, дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти даврӣ низ аз аҳамият холӣ нест.
Зеро онҳо аз роҳи муттаҳид намудани доираи васеи шаҳрвандон метавонанд бо мақомоти давлатӣ, дар навбати аввал бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ робитаи зичи ҳамкорӣ барпо намуда, дар ин замина ба онҳо ёрии назаррас расонанд.

Қобили тазаккур аст, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон усулан бояд бо мафҳуми «давлати миллии тоҷикон» ҳамоҳанг бошад ва дар заминаи анъанаҳои милливу фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои неку созандаи умумибашарӣ ташаккул ёбад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ рақобати кишварҳои абарқудрат ва ширкатҳои иқтисодиву молиявии трансмиллӣ шиддат гирифта, пешрафти кишварҳои рӯ ба инкишофро дучори монеаҳои ҷиддӣ менамояд.

Бӯҳрони фарогири молиявӣ, ки ҳоло саросари ҷаҳон ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти одамонро фаро гирифтааст, рақобатро барои ба даст овардани захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ дучанд афзуда, хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва маводи ғизоиро ба миён меорад.

Ҳамаи ин омилҳо ба иқтисоди кишвар, низоми молиявӣ, фаъолияти бонкҳо, гардиши пул ва сиёсати қарзии бонкӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳамчунин дар шароите, ки таҳдиди хатари бархӯрди тамаддунҳо, таъсири манфии бегонапарастӣ ва фарҳанги барои асолати мардуми мо бегона тақвият меёбад, ҳифзи амнияти миллии кишвар беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.

Мову шумо бо дарки амиқи моҳияти чунин равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бояд пайгирона талош намоем, ки аз дастовардҳои илму технологияи ҷаҳонӣ ва арзишҳои созандаи тамаддуни муосир баҳравар гашта, ҳамзамон асолати миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии худро аз таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ ҳифз намоем.

Таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ин таъмини амнияти давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳифзи амнияти миллӣ, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пуштибонӣ аз манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистонро дар назар дорад.

Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, пос доштани рамзҳои давлатдорӣ, ки ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои устувори давлатдории навини мо мебошанд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд.

Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст.

Ба наздикӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ирсол карда, пешниҳод намудам, ки рӯзи қабул карда шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24 ноябр рӯзи ид эълон карда шавад.

Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.

Понздаҳ соли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Ин санади муқаддас ва таuА9;дирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем. Дар охир тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳозирини мӯҳтарамро бори дигар ба ифтихори ҷашни санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон – Конститутсия табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат сулҳу сафо, рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ободиву пешрафти доимӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520