Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

30.05.2022 18:18, Эрон
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф  30.05.2022

30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот карданд.

Дар вохурӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд миёни Тоҷикистону Эрон барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба муфид медонем.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя андешаронӣ карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мардумони дӯсту бародари ду кишварро арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиё, аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520