Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен

06.06.2022 17:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен  06.06.2022

6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони Бонкро дар кори Конфронси дуюми оби Душанбе нишони дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ карданд.

Аз рушди шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонк дар тӯли 24 соли ҳамкориҳо, ки дар ҳамаи самтҳои муҳим дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бастаи маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон то ба имрӯз 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз ду миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро баррасӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Барои дастгирии Бонк ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои ин изҳори сипос карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520