Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад

07.06.2022 14:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад   07.06.2022

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, инчунин аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Рӯзномаи 2030”-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, баргузории “Саммит оид ба дигаргунсозии маориф”, “Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ”, “Саммити ояндаи мо” ва дигар тадбирҳои муштарак, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд, муҳокима гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин барқароршавии пас аз ҳамагирии КОВИД-19 изҳор намуданд.

Ҷонибҳо дар робита ба таҳдиду бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  афзоиши нобаробарӣ, камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии КОВИД-19 вокуниши муштаракро зарур шумурданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520