Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

08.06.2022 17:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи  аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида,  тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида,  ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520