Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Ганҷи деҳа" дар ноҳияи Дӯстӣ

16.06.2022 10:50, ноҳияи Дӯстӣ
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Ганҷи деҳа" дар ноҳияи Дӯстӣ   16.06.2022

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа"-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи "Ганҷи деҳа" ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва "Солҳои рушди саноат" бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст.

Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа" дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, бо ифтитоҳи корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоиши хуб гардиданд.

Нақшаи бунёди иншоот, ворид ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ бо харҷи 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст.

Технология ва хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва онро мутахассисони ватанӣ васлу насб намдаанд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа" имкон аст, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифати растанӣ истеҳсол карда шавад.

Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар як сол 144 тонна маҳсулоти босифати ғизоии ивазкунандаи воридотро дар заминаи коркарди 800 тонна чигит дар бар мегирад.

Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои гирифтани маҳсулоти ватанӣ низ дар корхона ба роҳ монда шуда, имкон аст, дар як сол то 400 ҳазор қуттӣ пешниҳод карда шавад. 

Равғани истеҳсолии "Ганҷи деҳа" дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ гардида, оянда бо васеъсозии фаъолият содироти он ба бозори кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.

Чигит ва дигар растаниҳо барои истеҳсоли равған ба корхонаи нави саноатӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ва атрофи он дастрас карда шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор дода мешавад.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми ватанӣ то ба ҳади ниҳоӣ дар дохили кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон барои дастгирии ҳамаҷониба аз чунин ташаббусҳои бунёдкорона ва муҳайёсозии шароити боз ҳам хубтару беҳтар ҷиҳати татбиқи тарҳои нав ба нав дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520