Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба Тоҷикистон

26.02.2009 20:30, шаҳри Душанбе

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Яман бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузориши фармондеҳи Горди ифтихории Тоҷикистон, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои он, эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.

Масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман пагоҳ зимни мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ мегардад.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳо ба имзо расадани якчанд санади нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии сарони ду давлат дар назар аст.

Хотиррасон мекунем, ки 4 санади дигари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, илму техника, фарҳанг, маориф ва машваратҳои сиёсӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Яман моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида буд, ки ин заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман гашта буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520