Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейр

22.06.2022 11:40, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейр  22.06.2022

22 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро имкони хуби муҳокимаи масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.

Зимни мулоқот истифодаи имкониятҳои васеъ дар соҳаи саноат, аз ҷумла иштироки ширкати “Трафигура Групп” дар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок, густариши ҳамкорӣ бо Корхонаи Муштараки “Зарафшон”, Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Талко Голд”, ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нерӯи барқ ва манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520