Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

30.06.2022 15:08, шаҳри Душанбе

30 июн бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон доир ба омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520